ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР

Пешвои муаззами миллат ҳама вақт таъқид мекунанд, ки “Терроризм дин, миллат ва ватан надорад”. Дар ҳақиқат мо агар ин мафҳумро таҳлил намоем равшан мегардад, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯзҳо хатари нав бо номи терроризм фаро гирифтааст. Гурӯҳи манфиатхоҳ бо ҳар гуна роҳу васила нақшаву ниятҳои нопоки хешро бо амалҳои террористӣ ба мисли тарконидан, ба асирӣ гирифтан, қатлу куштор мехоҳанд амалӣ намоянд. Таърих нишон медиҳад, ки ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод менамояд.  Аз рӯи таҳлилҳо гирифтори ин дасисабозиҳо аксаран ҷавонони синнашон 18-35 сола мебошад.

       Дар сиёсати ддавлатдории имрӯзаамон диққати ҷиддӣ дода мешавад барои решакан кардани ин падидаи номатлуб. Қобили зикр аст, ки қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Терроризм ва экстремизм” саривақтист. Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ баҳри ҷоннок  намудани мубориза бар муқобила намудани  ба мақомотҳои қудратии ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, Қонуни ҶТ “Дар бораи терроризм”-ро  аз нав мукаммал намуда ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

       Дар замони ҳозира муайян аст, ки ҷавонон табақаи осебпазир буда аксар гумроҳон аз ин табақаанд. Омилҳои хеле зиёде мавҷуд аст, ки ҷавонони мо ба ҳар гуна ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил гардида истодаанд. Якчанд аз ин сабабҳоро метавонем шарҳ диҳем:

А) Пешравии технологияи иттилоотӣ

Б) Паст будани маърифати ҳуқуқии ҷавонон

В) Паст будани маърифати динии ҷавонон

Г) Аз ҷиҳати сиёсӣ мукаммал наббудани ҷаҳонбинии ҷавонон

Д) Аз таҳсил ва омӯзиши илм дур мондани ҷавонон

       Ҳаракатҳои ифротӣ ин омилҳоро хуб дарк намуда аз пешравии теххнологияи иттилоотӣ истифода намуда, бо воситаи ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли фейсбук, вайбер, телеграмм, инстаграмм, имо, ватсап ва ғайраҳо истифода  бурда маводҳои ташвиқотии худро паҳн менамоянд. Ҷавонон аз ин таблиғотҳо аксаран бемақсадона истифода бурда, чӣ гуна ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуданашонро нофаҳмида мемонанд.

       Таваҷҷуҳи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии ҷавонон хеле зиёд аст. Мо аҳли ҷамоатчигиро имрӯзҳо зарур аст дар маҳалу мавзеъҳои аҳолинишин муассисаву донишгоҳҳои олӣ дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро бисёр намоем. Ҷавононро ба омӯзиши илму фарҳанг ҳидоят намоем. Зеро ҷавонон ояндаи   миллатанд. Баҳри решакан намудани ин вабои аср ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ якҷоя бояд мубориза барем. Мо ҳама вақт маҳкумкунандаи терроризм ҳастем. Умед дорем ин хатари ҷаҳони муосир пурра аз байн рафта ҷоҳони имрӯзро сулҳу амният доимо фарогиранда бошад.

 

   Саидов А.А

устоди кафедраи ФГИ