ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

Барои мо, тоҷикистониён, Истиқлолияти давлатӣ бо дунявият ва низоми давлатдории дунявӣ тавъам аст. Бояд дар назар дошт, ки эътиқоду эътимод ба низоми демократӣ (мардумсолорӣ) ва дунявӣ эътимод ба инсон, новобаста ба ба тааллуқоти наҷодӣ, қавмӣ-этникӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ мебошад. Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик озмоишҳои вазмину сангинеро пеш овард. Хушбахтона, миллати ватанпарварӣ тоҷик фидокорона, ҷонсупорона ва қаҳрамона аз истиқлолияти худу давлати хеш дифоъ када тавонист. Тоҷикон бо сарвварии роҳбари дурандеши худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зиёди баъди ҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтанд. Миллати тоҷик сохти давлати демократӣ, дунявӣ ҳуқуқбунёдро интихоб намуд. Мақсади асосии интихоби низоми демократӣ, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад. Ман ба он эътимод дорам, ки танҳо сохти имрӯзаи давлати дунявии мо барои амалӣ шудани ормонҳои таърихӣ ва имрӯзаи тоҷикон аз ҳар як ҷиҳат созгор аст.

    Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босургати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимоя манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.

    Ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманди мо давомдиҳандаи кору фаголияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулдоса ояндаи миллат ва давлат мебошанед ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлату Ҳукумат боқи мемонад.

     Яке аз роҳҳои асосии ҳалли ин масъала таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар саросари кишвар буда, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, марказҳои соҳибкорӣ, паркҳои технологӣ ва дигар коргоҳҳои хурду миёна вазифаи сохтору мақомоти давлвтӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин соҳибкорон мебошанд.

 Мо ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, муқаддасоти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоем ва муҳимтар аз ҳама, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои оянда шуморем.

      Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушти устувории кишвар, буёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар корҳои шоиставу созанда ҷавонони моро интизоранд.

   Дар тамоми суханронии худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар менамоянд, ки терроризм на дин, на миллат ва на наҷот дорад.

  Ман бори дигар таъкид менамоям, ки ҷавони азиз фирефтаи харгуна фиребу найранги шахсони бадхоҳу беадолат нашавед. Дар паи ободии Ватани азизи хеш бошему кушиш ба харҷ диҳек, ки диёрӣ  худро боз ҳам аз ин зеботару гул-гул шукуфонтар  намоем. Он ваҳдату ягонагие,ки  имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азизи мо побарҷо мебошад, ба осони ба даст наомадааст.  Бояд мисли гавҳараки чашми худ онро ҳифз намоем. Ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки ҷавонони донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон он щаразҳо ва нақшаҳои  бадхоҳони миллати тоҷикро сахт маҳкум менамоянд. Ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ба боварии халқи шарафманди хеш ва Пешвои миллат созовор бошанд.

                                                             Раҳимов Ҳ.Ш.

                                                  Сарлобаранти кафедраи металлургия.