ТЕРОРИЗМ БОЗДОРАНДАИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Сабаҳои шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин аз сабаби бесаводӣ, яъне  надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ  нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Чуноне  ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, кишварҳои мухталифи ҷаҳон Тоҷикистонро давра ба давра ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд.  Аз замоне, ки Истиқлолият дар Тоҷикистон пойдор шуд, давлат роҳи рушди минбаъдаи худро бо кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт.  Дар тўли 26-соли Истиқлолият Тоҷикистон  ба бисёр даствоардҳлои бузург ноил гардид. Имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати обод ва озод мебошад.

Лекин, мутаасифона,  вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастани як гурўҳ ҷавонони тоҷик ба чашм мерасад. Ҳанўз ҳам омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.

Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, ҳизбгароиву гурўҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад. Мо худ дарк мекунем, ки  таҳкими сулҳу субот мубориза ба ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуни метавонанд ғояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори низомиӣ вобастагии мустақил дорад. Дар замони мо ҳама ҷо пур аз густариши экстремизм, тероризм мебошад, дар  ин бора дар ҳама ҷо зиёд ҳарф мезананду менависанд. Асосан  маънои аслии “экстремизм” ифротгарои, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои аз ҳад гузаштан мебошад. Экстремист шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравиро роҳ медиҳад. Ин зуҳурот метавонад, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд.

Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби  пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурўҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ бояд эмин нигоҳ дошт.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кўшиш намоед, ки истиқлолияти  миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.

Ҷавобан, ба ин гуфтаҳои сарвари давлат чавонон, бояд ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дўши худ гирифта, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо сохта, Истиқлолияти  кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.

Барои пешгирӣ ва бартараф  кардани хатари ифротгароӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омўхтан ва ташхису бартараф кардани як қатор  омилҳо зарур мебошад.

Дар муассисаҳои таълимӣ ва дар макотиби олӣ бояд кори созмонҳои тарбиявӣ ва созмонҳои ҷавонон хуб ба роҳ монда шавад. Чунки бештар сафи созмонҳои байналмилалиро  ҷавонон ташкил медиҳанд. Оромиву шукўҳи ҳар як давлату миллат бар дўши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, зеро, махсусан, ояндасози миллат-ҷавонон мебошанд.

Дар ин замина дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Омўзгоронро зарур аст оиди ду омиле, ки ҷавононро зуд ба доми ин бало гирифтор менамояд, ақалан, ба донишҷўён маълумот дода онҳоро аз ин руйдодҳо хушдор диҳем. Ин ҳам бошад шиносоӣ бо зебосанамони шабакавӣ ва ҷалби духтарон ба сафи «Давлати исломии Ироқу Шом». Зебосанамони соҳибҷамол ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро ба доми «дурўғини ишқу муҳаббат» афтонида ба коми марг мекашанд. Духтарони танҳоро бошад бо ваъдаи хонадоршавӣ ва зиндагии шоҳона дар мамлакатҳои тараққикардаи Фаронсаву Амрико ба дом меафтонанд. Барои он, ки писарон ва занону духтарони тоҷик гирифтори ин вабои аср нагарданд, моро зарур аст, он роҳҳое, ки барои ҷалби ҷавонон истифода мебаранд, тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои радио ва телевизион, инчунин дигар воситаҳои лозимӣ онҳоро огоҳонем ва ин мушкилотро ҳар чӣ зудтар то андозае ҳал намоем. Зеро мегўянд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ мебояд».

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ имрўзҳо ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеъи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Экстремизми ҷавонон ва наврасон назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. 

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Яке аз амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти эктремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад. 

Ба андешаи ман, барои фаҳмиши дурусти ин масъала бояд худи мафҳуми «Ҷавонон ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо» мавриди таҳлилу таҳқиқ фаро гирад, зеро хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

 

Бобоев Ш.А.

ассистенти кафедраи таъминоти барқ