Телемости кафедраи геология ва корҳои нафту газ бо Осорхонаи давлатии геологияи ба номи В.И. Вернадский

Имрӯз кафедраи геология ва корҳои нафту гази факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию ва металлургии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози доимӣ бо Осорхонаи давлатии геологияи  ба номи В.И. Вернадскийи  Академияи илмҳои Федератсияи Русия “телемост” баргузор намуд.  Дар телемости мазкур ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон боз аз  давлатҳои ба мо дӯсту бародар  Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Озарбойҷон, Федератсияи Россия олимону равшанфикрон ва пажӯҳишкорон иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии маҷозӣ  доктори илмҳои техникӣ, академики Донишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мониторинги «АЭРОКОСМОС» Бондур Валерий Григорьевич дар мавзуи «Космический мониторинг природных катастроф для их предупреждения и снижения последствий» суханронӣ намуда, роҷеъ ба муаамоҳои ҷойдошта ва роҳҳалҳои илмӣ изҳори андеша кард.  дар ин пайванди маҷозӣ омӯзгорону кормандон ва унвонҷӯён фаъолона ширкат варзида, роҷеъ ба мавзуъ андешаҳои хешро иброз намуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ҳалли масоили глобалӣ унвонҷӯёну омӯзгорони кафедраи геология ва корҳои нафту газ зери роҳбарии мудири ҳамин кафедра Мирбобоев Шӯҳратҷон чанд пешниҳоди созандаву аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашудаи хешро ироа намуданд.