Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада бо зиёда аз 65 корхонаҳои соҳаи саноат шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Дар соли ҷорӣ бо корхонаҳои ҶММТАКМ “Анзоб”, КФ ЗЗК “Зари Суғд”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ” шартномаҳои нави ҳамкорӣ баста шуданд.
Тибқи нақшаи раванди таълим ва фармоиши ректори Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон донишҷўёни бахши 4 шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ, инчунин бахши 3 таҳсилоти дуюми олии касбӣ ба таҷрибаомӯзии пешазрисолаи хатм сафарбар шудаанд, ки муҳлати гузаштани он ба чунин тақвим тасдиқ шудааст:
Бахши 4 шӯъбаи рӯзона — аз санаи 27.03.2023 сол то 22.04.2023 сол;
Бахши 4 шӯъбаи фосилавӣ — аз санаи 10.04.2023 сол то 06.05.2023 сол;
Бахши 3 ТДОК — аз санаи 27.02.2023 сол то 25.03.2023 сол;
Ин ҳафтаи таҳсил таҷрибаомӯзии пешаздипломии донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ба итмом расида, шурӯъ аз 24-26 апрели соли ҷорӣ, ҳимояи ҳисоботҳо роҳандозӣ карда мешавад.
Дар асоси пешниҳоди кафедраҳои тахассусии донишкада донишҷўёни хатмкунанда ба зиёда аз 40 корхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳо ба монанди ҶМТКММ «Апрелевка», ҶДММКМ «Зарафшон», ҶММ «Ширкати куҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶМДММ «Петролеум Суғд», ҶСК «Ангишт», ҶММ ТА КМ “Анзоб”, Шабакаҳои барқии вилояти Суғд, Шабакаҳои тақсимоти барқии ш. Истаравшан, Шабакаҳои тақсимоти барқи Хуҷанд, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҶДММ «Элегант», КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум», КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶСК «МНА – 33», ҶС «МНА – 31», КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” ва дигар корхонаву муассисаҳо барои гузаронидани таҷрибаомўзии пеш аз рисолаи хатм сафарбар карда шуданд.
Пеш аз оғози таҷрибаомўзӣ конфронсҳо гузаронида шуда, ба донишҷўён барномаҳои таълимӣ ва тақвимии таҷрибаомўзӣ дастрас карда шуда, ба онҳо оиди техникаи бехатарӣ, вазифа ва уҳдадориҳои донишҷўён дастур дода шуд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли таҳсили 2022-2023 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 283 нафар рӯзона ва 347 нафар фосилавӣ хатм менамоянд, аз онҳо 99 нафар донишҷӯён тариқи буҷетӣ таҳсил карданд.