Ҳамасола хатмкунандагони донишкада ба таҷрибаомӯзии пеш аз хатм фиристода мешаванд, ки дар ин таҷрибаомӯзи омӯзгорон ва мутахассисон донишҷӯёнро ҳамроҳӣ менамоянд. Ин дафъа низ донишҷӯёни курсҳои 4-уми 510202 ихтисоси “коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” бо роҳбарии мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Олимов Абдумалик таҷрибаомӯзии хешро дар ҶМДММ “Потролеум Суғд”-и Тоҷикистону Австрия гузарониданд.
Донишҷӯён дар назди ҳавзҳои нафт корҳои таҷрибавӣ гуазронида бо ҳамроҳии омӯзгор Олимов А. дарсҳои андӯхтаи хешро ба амалия татбиқ намуданд. Донишҷӯён ҳини таҷрибаомӯзӣ дар ин корхона аз ҳолати корӣ ва тарзи коргузорӣ ва ҳамчунин роҳҳои таҷзиву коркарди нафтро аз маҳсулоти табиӣ омӯхта аз наздик бо ин усули корӣ ошно гардиданд.
Ин тарҷибаомӯзи дар ҶМДММ “Потролеум Суғд”-и Тоҷикистону Австрия шояд барои донишҷӯён беҳтарин рӯзҳои омӯзиш буд, чунки маҳз дар ин таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо маҳсулоти табиӣ дастрасии фаровон доштанд ва озмоишҳоеро ҳам бо роҳбарии омӯзгор гузарониданд, ки ҳадафманд буд.
М. Сайидзода