Санаи 9 март донишҷӯёни бахши 4-уми ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, шуъбаҳои рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ ҳангоми таҷрибаомӯзии пешазхатмӣ дар Ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Австрия “Петролеум Суғд” таҳти роҳбари таҷрибаомӯзӣ профессор Олимов А.А. бо таъмири насосҳои қаърӣ штангавӣ, бо кори таҷҳизоти АГЗУ, ки барои муайян намудани ҳаҷми истихроҷи шабонарӯзии маҳсулоти чоҳҳо шинос шуданд.
Донишҷӯён инчунин, бо санҷиши қубурҳои насосию-компрессорӣ, ки таҳти фишори 150 атм гузаронида мешаванд, шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон, онҳо бо намудҳои қубурҳои насосию компрессорӣ, таъмир ва тоза намудани доҳили онҳо аз таҳшиниҳо дидан намуданд.
Дар сехи нақлиётҳои махсус донишҷӯён бо нақлиёти компрессор, агрегатҳо ва мошини борбардор, ки барои таъмири чорӣ ва капиталии чоҳҳо истифода бурда мешаванд шинос шуда таъсуроти хеле хуб гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот