Таҷрибаомӯзии пешазхатмӣ донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисоси 510101 “геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” зери роҳбарии омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Маҳкамов Файзуллоҷон дар КВД “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроқум” баргузор гардид.
Донишҷӯён аз наздик бо аёниятҳо ошно гардида, бештар дар бораи тарзи корбарӣ ва истифодаи асбобу лавозимоти кории махсуси соҳавӣ ва ҳамчунин тарзҳои гузаронидани озмоишҳоро дар ин ҷо хуб аз худ намуда, назарияро дар ин мавсим ба амалия татбиқ намуданд, ки ҳам пешрафти хуб барои донишҷӯёни ихтисоси мазкур мебошад.
Омӯзгор Маҳкамов Файзуллоҷон аз омӯзгороне ҳаст, ки пайваста дарсҳои амалияшро дар филиалҳои кафедра дар корхонаҳои саноатӣ баргузор менамояд ва яке аз донандагони хуби соҳа мебошад.
Дастпарварони Махкамов Ф. ва Олимов А. имрӯзҳо дар корхонаҳои азими кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ бо дипломи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият мебаранд, ки ин худ аз фаъолияту заҳматҳои ин омӯзгорон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишкада ҳамеша дар корхонаҳои истеҳсолӣ мегузарад ва ин барои донишҷӯён имкониятҳои бештареро барои наздик шудан ба кори соҳа фароҳам месозад.
М. Сайидзода