Тибқи супориши ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯён бояд дар корхонаҳои саноатӣ гузаронида шавад ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо омӯзгорони донишкада, донишҷӯёнро барои гузаштан аз таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ ба корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ мебаранд, донишҳои назариявиро донишҷӯён дар амалия татбиқ намоянд.
Имрӯз, тибқи барномаи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 510101 (геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок) зери роҳбарии устоди кафедраи геология ва корҳои нафту газ профессор Маҳкамов Фазулло дар КВ “Экстпедитсияи комплексии геологии Қайроқум” баргузор гардид.
Донишҷӯён дар корхонаи мазкур нахуст бо саргеологи ҳамин коргоҳ Усмонов Н. ва дигар мутахассисон вохӯриву мулоқот намуданд. Ҳамчунин, мутахассисони корхона ба донишҷӯён аз донистани қоидаҳои бехатарӣ ва ҳолатҳои асосии ҳини фаъолият зарурӣ гуфта гузаштанд.
Донишҷӯён, зери роҳбарии устод Маҳкамов Ф. дар КВ “Экстпедитсияи комплексии геологии Қайроқум” аз фаъолияти шуъбаву сохторҳо ва озмоишгоҳҳои мавҷуда дидан намуда, бо кори онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Шуъбаи иттилоот