Санаи 19 – уми ноябр аз тарафи кафедраи геология ва корҳои нафту газ омӯзгори калони кафедра Отаев А. О. аз фанни геология ва конҳои канданиҳои фоиданок ба машғулияти амалӣ донишҷӯёни гурӯҳи 510101 бахши 4 дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шӯроб” сафарбар карда шуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот Мирбобоев Ш. Ж. муаллими калони кафедраи мазкур хабар дод.
Донишҷӯён дар корхонаи Шӯроби шаҳри Исфара зери роҳбарии омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Отаев Анвар Отаевич дарси амалиро аз фанни геология ва конҳои канданиҳои фоиданок дар корхонаи мазкур гузарониданд.
Донишҷӯён нахуст бо техникаи бехатарӣ ва коргарони ҶСК – и Шӯроб шинос гардида, сипас ба кони ангишт ва бо майдони шахтави Шӯроб, таҷҳизотҳои кӯҳию истеҳсолӣ ва корҳои гузоронидани тадқиқоти геологи шахтавӣ, бо 2 конҳои охаксанг ва гипси кони Араб аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дар ин дарси амалӣ донишҷӯён аз тарзҳои истифодабарии таҷҳизотҳои майдакунии ҷинсҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳои ангишт, намудҳои дасгоҳҳои шахтавӣ ва дигар таҷҳизотҳои ёрирасонро аз наздик шинос гардиданд ва тасаввуроти муҳандиси геологи пайдо намуданд.
Донишҷӯён дар ин корхона бо кормандони соҳаи саноати коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки ангишт, охаксанг ва гипс суҳбат намуда, барои комил сохтани донишҳои хеш чандин қолабҳо дар тарҳи миллиро таҳия намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ихтисоси геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок таъсис дода шудааст, ки ҳадафаш омода намудани мутахассисони варзидаи ин самт мебошад.