Таҷрибаи нодири ҳифзи телефонҳои ҳамроҳ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Бо супориши ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бори аввал дар донишкада барои халал нарасонидани раванди таълим ва иҷрои супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаи махсус ифтитоҳ намуданд, ки ҳини ворид шудан донишҷӯ телефони ҳамроҳашро он ҷо супорида, рақами махсус мегирад, пас аз интиҳои дарс телефонашро аз рӯйи ҳамон рақами дар дасташ буда, бозпас мегирад.

Шейхова М. ҳини қабқли телефонҳои ҳамроҳ дар факултети корҳои кӯҳӣ

Ин таҷриба барои аввалинбор дар Донишкадаи кӯҳию металлргии Тоҷикистон амалӣ мегардад ва ин таҷриба барои донишҷӯён ва омӯзгорон ҳам муфид мешавад. Зеро дар раванди таълим донишҷӯ бо хотири ҷамъ  ба дарсомӯзӣ машғул гардида, ба дигарон хала намерасонад.

 

М. Сайидзода