Имрӯз, дар донишкадаи 76-умин солгарди ғалаба бар фашизм таҷлил карда шуд, ки дар чорабинӣ нахуст ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бар рӯзи ғалаба табрик намуданд. Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ арз доштанд, ки дар ғалабаи мазкур бар фашизм саҳми фарзандони Тоҷикистон падару бобоён ва гузаштагони мо низ басо бузург аст ва ин нишон аз ҷасорату шуҷоат ва ваҳдати миллати тоҷик мебошад, ки барои дифоъ аз марз ва ҳифзи номуси миллӣ ҷоннисорӣ намудаанд.
Ректори донишкада ҳамчунин дар бораи қаҳрамониҳои фарзандони ҷасури миллат дар ин ҷанги хонумонсӯз сухан гуфта, аз далериву садоқати фарзандони тоҷик васф намуданд…
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин омӯзгори донишкада Ҷумъаев Некрӯз низ маърӯза хонда, аз он рӯзҳои даҳшатбор ва роҳи наҷоти мардумони иттиҳоди шӯравӣ ёдовар шуд.
Пас аз намоиши филми мустанад дар бораи ҳаводиси ҶБВ ҳунармандони ансамбли “Ҷилои ёқут”-и донишкада низ ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро шод гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси сохтори тарбия гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот