Таҷлили 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар донишкада

Дар шаҳри Бӯстон ба ифтихори 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, прокурори шаҳри Бӯстон Абдуқаҳҳор Азизов, раиси Суди шаҳри Бӯстон Фурқат Ҷабборзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, 500 нафар собиқадорон ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Ҷамъомади идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода кулли ҳизбиёни шаҳрро бо ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи хеш дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти пурқудрату нерӯманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумат, тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф, дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор, ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст.
Баъдан муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов кулли ҳизбиёни шаҳри Бӯстонро аз номи роҳбарияти олии ҳизб ва кумиҷроияи вилоятӣ таҳният гуфта, барояшон бурдбориву муваффақият таманно намуд.
Дар идома прокурори шаҳри Бустон Азизов Абдукаххор Абдучабборович сухан намуда, зикр кард ки хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳии давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле назаррас аст. Дар ин раванд роҳи давлатсозии Пешвои миллат дар мактаби сиёсии пурғановати маънавиашон таваҷҷуҳи оламро ба худ кашид.
Дар рафти чорабинӣ раиси суди шаҳри Бӯстон Фурқат Ҷабборзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пуриқтидор барои зиндагии шоистаи халқ фаъолияташро ба роҳ мондааст. Волоияти қонун, арзишҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, асосҳои конститутсионӣ ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро дар як маром ҷой додааст.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлати тозаистиқлоли мо саҳми муносиб ва арзанда дорад ва барои тақвияти минбаъдаи фаъолияти он ба мо зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи самтҳои муҳимтарини барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат, низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, тавсеа бахшидани ғояҳои ватандӯстӣ ва эҳсоси гарми худшиносиву худогоҳӣ ҳиссаи худро гузорем.
Дар фарчом ба аъзоёни фаъоли хизб Сипоснома ва туҳфахои хотирави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон супорида шуд.
Барномаи идонаи аҳли фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.