Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти донишкада н.н.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ чорабинии махсус бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба ҷашни Сада гузаронида шуд.
Чорабинӣ нахуст бо суханронии ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ оғоз гардида, сипас бо қисмати фарҳангӣ фароғатӣ ба итмом расид. Ректори донишкада н.н.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар суханронии хеш перомуни ҷашни Сада, таҷлили он аз ҷониби аҷдодони мо ва эҳёи дубораи он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, нақши ҷашну идҳои мазкурро дар баланд намудани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии насли ҷавон хеле баланд арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҷашни Сада паём аз омад-омади Наврӯзи байналмиллалӣ-иди тоҷикони ҷаҳон буда, мардумро ба омадани фасли баҳор ва Наврӯз омода менамояд. Имрӯз, ҷашни Сада ва дигар ҷашнҳои миллии мо нишон аз таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик аст ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бо ифтихор ин ҷашнҳоро таҷлил намояд. Ин гуна ҷашнҳову идҳои миллӣ бори дигар шаҳодат аз миллати соҳибтамаддун ва таърихиву фарҳангсолор будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Ректори муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро бо ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба ҳамагон табъи болидаву рӯҳияи идона таманно намуданд.
Сипас, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Ибрагимова Ойирамо ва дотсенти ҳамин кафедра Атоева Кибриёхон маърӯза намуда, аз ҷашни Сада ва таҷлили он ба ҳозирин маълумот доданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи омода намудаи шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада табъи ҳозиринро бо қироати суруду таронаҳои идона болидахотир сохтанд.
Дар интиҳои чорабинӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.н.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба минбар баромада, бо як ҳисси баланди меҳандӯстӣ ва муҳаббату садоқат ба давлату миллат порчаҳои назмиро аз шеъри “Ман ориёиям” қироат намуда, ба ташкилкунандагон ва ҳозирин ҷиҳати омода намудани чунин барномаи хуб изҳори сипос намуда, минбаъд таҷлил намудани ҷашнҳои миллиро дар сатҳи баланд дархост карданд.
М. Сайидзода