
Санаи 5-уми апрел дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии наврӯзии донишкада меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директорон ва муовинони аввали донишкада ва донишгоҳҳои вилояти Суғд низ фаъолона ширкат намуда, ба шодии ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ва кормандон шарик гардиданд.
Чорабиниро сардори раёсати таълим Осими Оқил ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Наврӯз ва анъанаҳои неки тоҷикон дар ин айём суханронӣ кард.
Сипас, дар чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, иброз дошт,ки дар мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯз- ҷашни аҷдодиамон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз бо талошҳои ин абармарди арсаи сиёсат ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё карда шуд ва миллат ба саодат расид…
Ҳамчунин, дар чорабинии наврӯзӣ намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, директори Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар назди Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Шаҳриёр Саъдуллозода низ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфт.
Дар ҷараёни чорабинӣ профессори кафедраи экологияи донишкада ва ҳамзамон аъзои Академияи муҳандисии Тоҷикистон Розиқов Зафар суханронӣ карда, шаҳодатномаи аъзогӣ ба ин академияро ба Шаҳриёр Саъдулло зода тақдим намуд.
Чорабинии наврӯзӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, кулли ҳозирин бо шодиву нишот Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони гурӯҳи “Ҷилои ёқут”- и донишкада барномаи рангини ҳунариву фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба кулли баргузоркунандагон изҳори миннатдорӣ баён намуд.