Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишкадаи Конфутсий

Имрӯз дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд.  Ба ин муносибат дар Донишкадаи Конфутсий бино ва роҳрави донишкада пурра бо ашёи фарогири анъанаҳои миллӣ, оро дода шуда буд. Дар чорабинии наврӯзӣ барнома иборат буд аз тарзи пухтани суманак, намоиши либосҳои милии Тоҷикистон ва Чин, нашрияҳои деворӣ бо фарогирии анъанаҳои наврӯзӣ, баргузории бозиҳои миллии наврӯзӣ, қироати таронаҳои наврӯзӣ бо забони тоҷикӣ ва чинӣ, гулгардонӣ, дастархони идона бо ҳафт сину ҳафт шин ва тарзи санъати коғазбурӣ бо фарогирии усулҳои наврӯзӣ, ки манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар чорабини директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Эминҷон Азимов суханронӣ намуда, аввал ҳозиринро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфт ва  роҷеъ ба таърихи наврӯзи байналмилалӣ, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, равобити дӯстонаву бародаронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин сухан ронда, иброз дошт, ки таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои боз ҳам қавитар гардидани муносибатҳои миллатҳо мусоидат менамояд ва ҳамзамон дар ниҳоди шунавандагони донишкада ҳисси зебоипарастиву инсондӯстиро бедор месозад.

Сипас, директори ҷониби чинии Донишкадаи Конфутсий Жен Гентян ҳозиринро ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин рӯҳияи идонаву мувафақият таманно кард. Мавсуф, иброз дошт, ки таҷлил аз ин ҷашни бузург дар ба ҳам омадани халқиятҳои ҷаҳон ва шодишарик шудани насли башар мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза хабарнигори нашрияи вилоятии “Согдийская правда” Наталья Кутузова суханронӣ карда ба роҳбарияти Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои таҷлил ва баргузории чунин як чорабинии бошукӯҳ изҳори миннатдорӣ баён кард. Мавсуф, иброз дошт, ки  барномарезӣ ва ороиши бино ва фароҳам овардани фазои идона, ҳамчунин эҳтироми баланд ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ касро мутаассир мекунад ва ман бори дигар сипос мегӯям ба ҳамаи ононе, ки дар ин чорабинӣ саҳми арзанда доштанд.

Дар интиҳо расми хотиравӣ бо тамоми ширкаткунандагон гирифта шуд. 

Ёдовар мешавем, ки чорабинии наврӯзии Донишкадаи Конфутсий бо омодагии сатҳи баланд баргузор гардида, дар он заҳмату талошҳои ҳайати кормандон ва шунавандагони ин донишкада бараъло мушоҳида мешуд ва аксарият бар баргузоркунандагон аҳсан хонданд. Инро ҳам қайд намудан зарур аст, ки бори аввал дар таърихи фаъолияти Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада бо ташаббуси директори фаъол Эминҷон Азимов ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар  сатҳи баланд таҷлил карда шуд.