Таҷлили ҷашни Меҳргон дар донишкада

Имрӯз бо ташаббуси кафедраи менеҷменти кафедраи факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ дар толори китобхонаи илӣ-электронии донишкада чорабинии бошукуҳ бахшида ба ҷашни Меҳргон гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёну омӯзгорон ширкат намуданд. Чорабиниро нахуст мудири кафедраи менеҷмент дотсент Собирова Шукриниссо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ин иди аҷдодӣ, эҳёи дубораи анъанаҳои миллӣ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду эҳёи фарҳанги миллати тоҷик, дубора шукуҳу шаҳомат бахшидан ба анъанаҳои миллӣ сухан ронда, хидмати Пешвои миллатро басо бузург арзёбӣ намуд ва таъкид кард,ки маҳз хидмати Сарвари хирадманди кишвар буд, ки миллати тоҷик ба орзуи деринаи хеш расид ва имрӯз тамоми шароитро дорад. Мавсуф ҳамчунин,  зимни суханронӣ  қайд кард, ки дар силсилаи ойину  ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи вежа дорад. Қабл аз ҳама, Меҳргон аз пешина ва собиқаи амиқи фалсафӣ бархӯрдор аст, ки дар доираи асотири бостонии миллӣ таҳаққуқ ёфтааст. Аз лиҳози истилоҳӣ, вожаи  «Меҳр»  дар  забони  паҳлавӣ дар  шакли  «митр» (mitr)   омада,   маъниҳои дӯстӣ, муҳаббат, офтоб ва хуршедро ифода карда, исми яке аз Худоёни қабл аз зардуштӣ будааст, ки онро рабуннавъи офтоб медонистаанд (ниг.: Фарҳанги  форсии  Амид.  Таълифи  Ҳасан   Амид.  Чилди  севум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1365. -С.  2344).   Дар  «Авасто»  калимаи  «мит»   (mit)  бо  маънои  дӯст  доштан,   меҳрубонӣ  нишон додан, дӯст будан,  ҳаморӯз ё бо ҳам    будан  омадааст. Лафзи   “митра”   ё  “митро”   (mitra)  ҳамчунин  неруи  доранда ва нигаҳдорандаи рӯшноиро ифода  мекард. Аз  рӯйи  маълумоти  «Авасто»,  Меҳр  (митр)  аз  куҳантарин  ва  бонуфузтарин  Эзадони ҳиндуиронист.  Дар  забони  форсии  бостон  ба шакли “мисра” (migra) дар  паҳлавӣ  “митра”  (mitra) дар  форсӣ  ба  шакли  меҳр омада, Худои  рӯшноӣ  ва  паймон  ба  ҳисоб  мерафт  ва  дорои  ҳазор    гӯш  ва даҳ  ҳазор   чашм  буд,  то  аҳду  паймонҳоро  бипояд. Ба  ҷуз   ин,  дар   Эрони  бостон    рӯзи  шонздаҳуми  Меҳрмоҳ Меҳррӯз  номида  мешуд  ва  чун  номи  моҳу рӯз  яксон  мешуд,  он  рӯзро   Меҳргон  ном  ниҳода  ҷашн   мегирифтанд(ниг.: Бахромӣ, Эхсон.  Фарҳанги  вожаҳои  Авасто.  -Ҷ. 11. –Теҳрон,  1369. –С.1119-1122). Ба ин тариқ, Меҳргон бо вожаи «митро» (меҳр) пайванди луғавӣ ва истилоҳӣ дошта, дар асотири бостонӣ ва миёнаи паҳлавӣ ба сифати Эзади фурӯғу рӯшноӣ ва аҳду  паймон шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки номи ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи “Митракона” зикр шудааст (ниг.: Раҳимов Дилшод. Фолклори тоҷик. –Душанбе: «Эҷод», 2009. -С.196). Иттифоқан, Меҳргон рӯзи таваллуди дубораи Меҳр аст ва тибқи назари  Абӯрайҳони Берунӣ, ин рӯз дар айёми куҳан рӯзи аввали зимистон будааст (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.339). Бинобар ин, бо Ялдо мутобиқ мешавад, ки ҷашни мелодии Меҳр аст (ниг.: Шамисо Сирус. Крисмас ва шаби Чилла. //Кайҳони фарҳангӣ, шуморати 9, Озари 1368. –С.32).

Сипас, дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлуда суханронӣ намуда, нақш ва ҷойгоҳи иди Меҳргонро дар фарҳанги миллати тоҷик хеле муассир арзёбӣ намуданд ва илова бар ин, ин ҷашни миллиро оини дӯстиву рафоқат ва ҳамбастагии инсонҳо номиданд. Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза, мутахассиси шуъбаи тарбия ва дигар омӯзгорон суханронӣ намуданд.  Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо хондани шеъру тарона ва иҷрои саҳнаҳои хурд хотири ҳозиринро шод намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки барои гузаронидани ҷашни Меҳргон дар толори китобхона дастархони пур аз анвои мевагиву сабзиҷот ва шириниҳои  дастпӯхти бонувон ороста шуда буд, ки барои донишҷӯён ба таври маҷонӣ тақдим гардид.