
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 май дар майдони Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, қабл аз оғози ҳамоиш роҳпаймоии ҷавонон доир гардида, дар он беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонони касбу кори гуногун, намояндагони маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» аз тамоми мактабу таълимгоҳҳои шаҳр ва гирандагони стипендияҳои президентӣ бо шиору овезаҳо иштирок намуданд
.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1997 то имрӯз ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор мегардад.