ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода Рӯзи ғалаба таҷлил карда шуд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас сухани табрикотии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шунида шуд. Мавсуф дар бораи хидматҳову қаҳрамониҳои фарзандони миллати тоҷик дар ҳифзи ИҶШС сухан ронда, қаҳрамониҳои фарзандони миллати тоҷикро ёдрас шуд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зикр намуд, ки гузаштагони мо барои ҳифзи ИҶШС ва барқарор намудани сулҳу оромӣ ҷоннисорӣ намудаанд, ки ин хидмати беназир дар роҳи Ватан мебошад. Қайд карда шуд, ки зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзанди баномуси миллат дар ҶБВ ширкат намуданд ва ин ғалабаро ба даст оварданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамагонро ба Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба ҳама муваффақият ва сулҳу оромӣ таманно намуд.
Ҳамчунин дар чорабинии бошукӯҳи имрӯза раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар суханронӣ намуда, дар бораи нақши фарзандони миллати тоҷик дар ҶБВ ва тарбияи ватандӯстӣ ёдовар шуда, сипас ҳозиринро ба Рӯзи ғалаба табрику таҳният гуфт.
Баъдан, барномаи рангини фарҳангӣ – фароғатӣ бо фарогирии суруду таронаҳо дар васфи Пешвои миллат, Тоҷикистон, Ватан, Модар манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба баргузоркунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.