Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони донишкада Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён ширкат намуданд. Чорабинӣ бо маърӯзаи илмии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ гардид, ки ректори донишкада нахуст ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, сипас дар бораи муҳимияти ин рӯз, арҷгузорӣ ба хидматҳои фарзонафарзандони миллат, эҳтиромгузорӣ ба Қаҳрамони миллат ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар идомаи суханронӣ таъкид намуд, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва ин сана ҳам мисли дигар санаҳои муҳиму зарурӣ барои миллат муборак ва иди миллӣ аст. Зеро маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳои Президент ва дастоварду муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз дигар тараф, таҷлили Рӯзи Президент — ин арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги шахсияте аст, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд ва иттилои аввалин дар бораи сохтани давлати миллӣ ба зеҳни ҳар нафар номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меоварад. Ин ҳам аз маниши миллати тоҷик аст, ки ҳамеша ба бузургонаш арҷ мегузорад. Хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саодати миллати тоҷик ва бунёди давлати миллӣ бесобиқа мебошад.
Ин нуктаро боз ҳам таъкид менамоям, ки ҳар халқу миллат бе паноҳгоҳи сиёсӣ ва давлати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ худро ҳамчун миллати комил ва соҳибмақом муаррифӣ намуда наметавонад. Ҳамон гуна, ки имрӯз халқияти зиёде ҳастанд, ки дар ҷаҳони муосир на давлат доранд, на обрӯву мақом ва ин як мушкили аслӣ аст. Миллати бе давлат миллати сағир ва беовозу кӯтоҳумр аст. Миллати бе давлат арзишҳояшро ҳимоя намуда наметавонад ва зуд аз байн меравад ва ё зери фарҳанги бегона таслим мешавад. Чунки давлат ва қудрати идорӣ метавонанд миллатро бақо бахшанд ва тамоми арзишҳоро ҳифз намоянд. Ҳамин аст, ки миллатҳои соҳибдавлат ҳам фарҳангу забони хешро ҳимоя намудаанд ва ҳам ҳофизаи таърихии худро зинда нигоҳ доштаанд, ки ин нишони тавоноӣ, сарбаландӣ ва қудрат аст. Мустақил ва соҳибдавлат будани ҳар халқу миллат- ин нишони қудрати воло ва ваҳдати комили он ҷомеа мебошад. Миллати соҳибдавлат миллати бузург ва қавӣ мебошад. Зиёда аз 90 фисади халқу миллатҳо имрӯз дар ҷаҳон давлати миллии худро надоранд ва ба онҳо хатари нестшавии фарҳангу забон таҳдид менамояд. Миллати соҳибдавлат аз қавми кӯчманчӣ ва оворагард бо доштани арзишҳои бузурги давлатдорӣ фарқ менамояд.
Ҳодисаҳои нангини аввали солҳои 90-ум дар Тоҷикистони соҳибистиқлол вазъи сиёсиву иқтисодиро боз ҳам буҳронӣ карда буд ва оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои фардои миллат ва бақои давлати Тоҷикон хатари бузург буд. Ду масъалаи муҳим буд, ки аввал бояд ҳал карда мешуд ва ин ҳам хотима додан ба ҷанг ва пешгирӣ аз нобудии давлат мебошад. Маҳз талошҳои пайваставу бедорхобиву ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин ду масъалаи асосӣ- яъне хатми ҷанг ва наҷоти давлату миллат ҳал карда шуд.
Баъдан, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён муроҷиат намуда, таъкид кард, ҳар як фарди хештаншинос ва худогоҳ бояд хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намояд ва ба қадри ин истиқлолу сулҳу ваҳдат бирасад.
Сипас, аз ҷониби ансамбли ҳунарии донишкада “Ҷилои Ёқут” барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии мазкур донишҷӯёни фаъол бо либоси бо акси Пешвои миллат зебдодашуда, ба чорабинӣ омада буданд ва ин чорабинӣ аз ҷониби бахши тарбия ташкил карда шуд.