Санаи 6.03.2021 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон чорабинӣ дар сатҳи калон бо ширкати ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳамаи бонувон, модарон ва ҳамкоронро ба ин рӯз табрик намуда, иброз доштанд, назар ба солҳои қаблӣ имрӯз ба зан-модар имкониятҳои беҳтар дода шудааст ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дастуру супоришҳо медиҳанд, ки ин аз ҳамон эҳтироми таърихии миллати тоҷик тоҷик ба модарон сарчашма мегирад. Ҳоло, занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо фаъоланду саҳми худро мегузоранд, ки ин ҳам боиси ифтихор ва сутуданист.
Ҳамчунин дар чорабинии имрӯза ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ собиқадори ҳамин донишкада, ки ба синни мубораки 80 расидаанд табрик намуда, бо туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардониданд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси ректори донишкада ҳамаи бонувони собиқадори донишкада, ки дар нафақа буданд ба ин чорабинӣ даъват карда шуданд.
Дар чорабинӣ ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба бонувони фаъол ифтихорномаву сипоснома тақдим намуданд ва ба дигар хонумони донишкада туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ҳамзамон, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони дастаи ҳунарии «Ҷилои ёқут»-донишкада ҳунарнамоӣ намуда, бо суруду таронаҳо ва саҳнаҳои театри худ табъи ҳозиринро шод гардониданд.
Дар интиҳои чорабинӣ бори дигар ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳамаи бонувонро бо ҷашнашон табрик намуда, барои ташкил намудани чунин чорабинии хуб ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуданд.
Ногуфта намонад, ки чорабини имрӯза хеле дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар 15 соли охир бори аввал дар чунин сатҳи баланд Рӯзи бонувон гузаронида шуд, ки ин ҳам бо ташаббуси роҳбарияти донишкада мебошад.
М. Сайидзода