Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати меҳмонону донишҷӯён бахшида ба “Рӯзи модарон” чорабинии ботантана барузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши зан- модар дар ҷомеа суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, оид ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ғамхории Сарвари маҳбуби кишвар нисбати модарон, занону бонувон беназир мебошад ва маҳз бо талошҳои ин фарзанди барӯманди миллат дар ҷомеа имрӯз мақоми зан- модар хеле баланд мебошад.
Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ илова намуд, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нисбати эҳтирому мақоми занон тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шудааст ва имрӯз занону бонувони донишкада дар вазифаҳои баланди роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Эҳтироми занону бонувон эҳтироми як лаҳза заҳмати модарон аст ва мо бояд ҳаргиз заҳмати шабонарӯзии модаронро фаромӯш насозем!
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муяссара Мавлонӣ паёми табрикотии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Баҳри болида гардонидани табъи ҳозирин олими ва шоираи маъруфи кишвар Гулноз Тоҳириён суханронӣ намуда, аз осори хеш дар бораи Ватан- модар, сулҳу ваҳдат абёти сатҳи олиро қироат намуд.
Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин, намояндаи раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Неъматуллоева Маҳинахон, директори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Самадова Дилбархон, собиқадори донишкада Исоева Муҳаббатхон ва намояндагони кор бо занону идеологияи шаҳри Бӯстон ширкат варзиданд.
Дар чорабинии имрӯза барномаи фарҳангӣ -фароғатӣ низ бо ширкати ситораҳои санъати вилоят манзури ҳозирин гардонида шуд, ки аз ин табъи ҳамагон хуш гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо бонувону модаронро бо забони русӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саодати ҳамешагии умрро таманно намуд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои баргузор намудани чунин чорабинии бошукӯҳ ба муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон ва сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз изҳори миннатдорӣ баён намуд.