Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи барқ ё рӯзи барқкорон бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолуддин, мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Мкҳаммадхӯҷа ва дигар омӯзгорону кормандон чорабинӣ баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба соҳаи энергетика сухан гуфт. Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ қабл аз суханронӣ се нафар омӯзгорони кафедраи таъминоти барқи донишкадаро бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида, баъдан маърӯзаи пурмуҳтаво вобаста ба соҳаи барқ ва истиқлолияти энергетикӣ намуда, ҳамагонро ба рӯзи касбӣ табрику таҳният гуфт.
Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки бо кӯшишу талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар кишвар рушд намуда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар нерӯгоҳҳои хурду бузург сохат шуд ва қадамҳои бузурге барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар гузошта шуд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кӯшиши Пешвои муаззами миллат сохтмони бузургтарин иншооти энергетикӣ дар ҷаҳон оғоз карда шуд, ки ин муваффақияти бузург мебошад. Феълан Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як кишвар воридкунандаи барқ ва кишвари тавлидкунандаи неруи барқ табдил ёфт, ки ин пешрафти беназир мебошад.
Сониян, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ин Рӯзи касбӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон барору саодатмандӣ таманно намуд.
Ҳамчунин дар чорабинии имрӯза бо маърӯзаҳои илмӣ омӯзгорони донишкада аз қабили Ёқубов Фахрулло, Ваҳобов Обиддин ва магистранту донишҷӯён аз қабили Ҳакимов Акмал, Шарипов Муҳаммадҷон суханронӣ карда, ҳозиринро ба Рӯзи кормандони созаи барқ табрику таҳният гуфтанд.