Ҳамасола, дар кишвар рӯзи 4-уми сентябр ҳамчун “Рӯзи КИТОБ” ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамаи донишҷуёни азизамонро бо ҷашни фархунда, яъне “Рузи КИТОБ” шодбош мегўем!
Дар зиндагии шахсии ҳар як фард КИТОБ нақши бузург дорад.
Китоб дар ҳаёти инсон нақши басо муҳимро мебозад. Мегӯянд, ки “Вақте китобро мекушоӣ, ҷаҳонро мекушоӣ”. Воқеан ҳам китоб олами маъниро дар худ дорост ва баҳри инсон ногузир аст. Барои аксар одамон китоб бахше аз ҳаёти онҳост, мисли рафиқи беҳтарин, ҳамсафари ростин аст, ки ҳеҷ гоҳ таркат намекунад.
Оре, китоб ҳамсафари мост. Вақте инсон бо як шавқи амиқ китобро мехонад, чунин ҳис мекунад, ки китоб бо ӯ ҳамсуҳбат аст. Шахс бо хондани китоб ҳар ҷое набошад, худро танҳо ҳис намекунад. Ҳақ ба ҷониби Мавлоно Ҷомист, ки фармуд: “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст”
Ӯзбекова Баҳриннисо
Директори китобхона