Таҷлили рӯзи истиқлолияти давлатӣ дар донишкада

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин ҷашни ҳумоюнӣ 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст ва маҳз бо талошҳои ин абармарди арсаи сиёсат Тоҷикистон ба як давлати орому осоишта ободу пешрафта табдил ёфт. Шукр, ки имрӯз ҳамватанони мо дар фазои озодиву субот кору фаъолият намуда, хушбахтона зиндагӣ менамоянд…
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни бузурги милливу давлатӣ табрику таҳният гуфт. Ӯ қайд намуд, ки маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лаззати истиқлолро миллати тоҷик чашид ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мақоми баланд ҷойгоҳи хешро устувор намуд.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ раиси Иттифоқҳои касабаи “Тоҷикметалл” Зикриёев… суханронӣ намуда, ҳозиринро табрику таҳният гуфт.
Дар ин замина раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад суханронӣ карда, ҳайати кормандон, омӯзгорону профессоронро бо ин санаи муҳим табрик намуда, иброз дошт, ки бо шарофати кӯшишҳову талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки дар зиндагӣ аз шаҳди истиқлол баҳра бибарем.
Сипас, ба мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил шаҳрдатномаи унвони дотсентӣ, ба омӯзгори ҷавони кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул диплом ва медали сарисинагии “Олими ҷавони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар соли 2022”, ба Раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 10 нафар омӯзгорон Раҳматномаи донишкада, 37 фаррош қандил ва 10 нафар омӯзгорону кормандон кӯмаки яквақтаина аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишкада тақдим карда шуд.
Дар интиҳо барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои Ёқут” манзури ҳозирин гардонида шуд.


Шуъбаи иттилоот