ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДКМТ

Дар донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон имрӯз бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи пуршарафи омӯзгор ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши имрӯза намояндагон ва раёсати донишкада ширкат доштанд. Ректори донишкада муҳтарам Фозилзода Мухтор Муродалӣ нахуст суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки “дар чанд даҳсолаи охир хатари нобудшавии забон вуҷуд дошт ва маҳз бо ғамхориҳову сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ умри дубора бахшида шуд. Ба забони давлатдорӣ қарор додани забони тоҷикӣ аз хизматҳои бузурги Сарвари хирадманду маорифпарвари кишвар мебошад”. Сипас олимону омӯзгорони донишкада бо маърӯзаҳои худ дар чорабинии имрӯза, ки бахшида ба гиромидошти Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки ҳифзи забони тоҷикӣ ва фарҳанги ғании миллат аз вазифаҳои пурмасъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Бояд ҳар як нафар шаҳрванди кишвар ин масъулиятро ҳис кунад ва барои ҳифзи забону фарҳанг саҳми арзандаи хешро новобаста аз мавқеи ҷойгиршавияш гузорад.

Дар чорабинӣ ҳунармандону донишҷӯён аз гурӯҳи ҳунарии “Ҷилои ёқут” –и донишкада бо сурудҳо дар васфи Ватан, забони модарӣ ва Пешвои миллат баромад намуданд.

Зикр гардид, ки ҳифзи забони давлатӣ ва гиромидошти он дар шароити кунунӣ хеле муҳим мебошад.

                                                      Шуъбаи иттилоотии донишкада