Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ҷаласа доир гардид, ки пас аз тамошои дастаҷаъмонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти донишкада дотсент Фозилзода Мухтор Муродалӣ суханронӣ намуда, аҳли нишаст ва ҳамаи донишҷӯёни ДКМТ-ро бо фарорасии соли нави хониш табрик гуфтанд. Фозилзода М.М. қайд карданд, ки соли нави хониш имсол моро муваззаф менамояд, то баҳри саҳмгузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат кадрҳои бомаҳорат ва соҳибкасбро омода намуда, барои рушди бомароми саноати миллӣ сафарбар намоем.
Сипас ба як қатор омӯзгорон унвони “Аълочии маориф” ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамзамон ректори донишкада Фозилзода М.М. ба як қатор донишҷӯён, ки донишкадаро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонидаанд, дипломи аъло эъто намуданд.
Дар интиҳо ба ҳамагон таҳсили бобарор ва фаъолияти пурсамарро дар роҳи омӯзиш ба донишомӯзон таманно намуданд.
Шуъбаи иттилоот