ТАҶЛИЛИ РУЗИ МОДАР ДАР ДОНИШКАДА

Ба ифтихори Рузи модар дар толори донишкада маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Ин маҳфили пуршукуҳ пас аз қисми расмӣ бо рақсу таронаҳои диолшуби дастаи “Ҷилои Ёқут” писанди умум гардид.

Дар зер чанде аз гуфтаҳои бузургон дар ситоиши Зан-модар!

Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.

Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз бузургтарин офаридаҳо қалби модар аст.

Андре Гретри