ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 6- уми сентябри соли ҷорӣ дар толори калони донишкада бо ширкати меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯён чорабинии идона бахшида ба таҷлили 33-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сараввал намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон номаи табрикотии раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ба самъи ҳозирин расонида, ҳамагонро ба солгарди ҷашни Истиқлол табрику таҳният гуфт.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳамаро ба рӯзи истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки истиқлолият бахти баланди миллати тоҷик аст ва шукр, ки зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба имрӯз расидем. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши бузург доранд ва ҳамватанони мо ин хидматҳову талошҳои Роҳбари давлатро ҳаргиз фаромӯш намесозанд.
Сипас, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат ҳозиринро табрик гуфта, миннатдорӣ баён кард.
Ҳамчунин, имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба чандин нафар кормандони фаъол ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкадаро тақдим намуданд.
Баъдан, барои ҳозирин барномаи рангини ҳунарӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии “Ҷилои Ёқут”-и донишкада манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳо барои баргузоркунандагони чорабинӣ миннатдорӣ баён карда, изҳор дошт, ки ҳамеша ҳамин хел фаъол ва пешсаф бошед.