Таҷлили бошукуҳи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ ду нафар полковникони собиқадори мақомотро, ки дар донишкада фаъолият доранд, роҳбари донишкада табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ сухан гуфта, ҳозиринро ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз лаҳзаҳои таъсисёбии Артиши миллӣ ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Артиши миллӣ ёдоварӣ намуданд. Ректори донишкада қайд намуданд, ки Артиши миллӣ бо ҷоннисориву талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басо вазнин ташкил карда шуд ва хушбахтона имрӯз тамоми ҷузъу томҳои он комил гардида, барои амнияту суботи мардуми шарифи Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Дар маҷлиси тантанавии имрӯза ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҷалолзода Миршакар низ суханронӣ намуда, кормандону омӯзгоронро ба рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии раиси КИ ҲХДТ Миршакар Ҷалолзода чанд нафар омӯзгорону кормандони донишкадаро бо сипосномаву ифтихрнома аз номи раёсати донишкада кумиҷроияи ҳизб сарфароз гардониданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин сарбозон ва донишҷӯён суханронӣ намуда, ҳозиринро ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Баъдан чорабинии фарҳангӣ оғоз гардид, ки дар он дастаи ҳунарии донишкада ва ҳунармандони шаҳри Бӯстон ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро шод гардониданд.


М. Сайидзода