Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷли Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин иттилоъ дод.
Дар нақша-чорбании мазкур чанд масъалаи муҳим аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати таълимм, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзишии забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди иқтидори илмӣ, амалинамудани барномаҳои вижа ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва ғайра оварда шудааст, ки бояд масъулон аз рӯи он дар муҳлати муайян фаъолиятро ба роҳ монанд.