Мувофиқи эълон гардидани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва нақшаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ин самт, Кафедраи Экологияи Донишкада дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи PhET – и Донишгоҳи Колорадои ИМА таҳияи симуляторҳои интерактивиро (корҳои лаборатори виртуалӣ) барои фанҳои табиатшиносӣ бо забони тоҷикӣ ба роҳ мондааст.
Лоиҳаи PhET барномаҳои корҳои лаборатории вируталии интерактивию диққатҷалбкунандаро, ки дар асоси корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таҳия мешаванд, пешниҳод менамояд. Мақсад аз он, баланд бардоштани самаранокии азхудкуни фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, донишҷӯён метавонанд корҳои лабораториро тариқи онлайн ё ин ки офлайн бо истифода аз барномаҳои махсус дар компютер иҷро намоянд. Хамчунин, имконияти тариқи интерактивӣ иҷро намудани корҳои амалию лабораторӣ, чен кардани нишондаҳандаҳо ба воситаи асбобҳо ва ғайра мавҷуд аст. Имрӯз аллакай се корҳои лаборатории виртуалӣ ба забони тоҷикӣ гузаронида шада истодаанд.
Кафедраи Экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки тибқи нақша, дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои ДКМТ дигар корҳои лаборатории виртуалиро вобаста ба фанҳои физика ва химия ба забони тоҷикӣ тарҷума карда барномаҳои компютериро ба омӯзгорони донишкада ва дигар муассисаҳои таълимии кишвар дастрас намояд.
Донишҷӯён дар тачрибагузарониҳои худ бо ёрии асбобҳои гуногун ба мисоли ҷадвал, секундомер, волтметр ва ҳароратсанҷ метавонанд натиҷаҳои корхои лабораториро чен кунанд.
Дар видеои зерин тарзи истифодабарии лабораторияи виртуалӣ нишон дода шудааст.
Аз ин корҳои лабор атории виртуалӣ муасисаҳои таълимии оли метавонанд дар дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ истиФода баранд.
Кафедраи Экологияи ДКМТ