Имрӯз директори Намояндагии “Котиботи байналмилалӣ оид ба об” дар Тоҷикистон Оливе Норманд ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда бо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мулоқот намуд. Ҷонибҳо атрофи Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ, ки санаи 27-уми марти соли 2023 ба имзо расонида буданд, суҳбат намуда, масъалаи ҳамкории минбаъда ва таъмин намудани озмоишгоҳи донишкада бо таҷҳизоти замонавиро баррасӣ карданд. Зимни сафар ҷаноби Оливе Норманд аз озмоишгоҳҳои донишкада боздид намуда, бо кори таҷҳизот ва раванди таҳқиқоти озмоишгоҳӣ аз наздик шинос шуд. Дар мулоқоти имрӯза ҷонибҳо ба чунин хулоса расиданд, ки ҳамкориро тақвият бахшида, ҷиҳати фароҳам сохтани шароит барои омӯзишу пажӯҳиш мусоидат менамоянд.
Дар қабули меҳмон аз донишкада бо ҳамроҳии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчунин муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил, профессор Розиқов Зафар ширкат намуданд.
Акс аз маросими ба имзорасонии меморандум дар соли 2023