Дар осорхонаи минералогии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи супориши ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ корҳои озмоишӣ идома дорад, дар ин бора ба шуъбаи иттилоот омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Махкамов Ф. хабар дод.
Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз имрӯз бо роҳбарии мудири кафедра ва дигар омӯзгорони фаъоли кафедра дар осорхонаи мазкур корҳои баҳисобгирӣ ва ҳамчунин ба се забон омода намудани навъи минералҳои мавҷуда дар осорхонаи минералогии донишкада оғоз гардиданд.
Тавре, ки иттилоъ доред, дар Осорхонаи минералогии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон минералҳо аз тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд.
Дар маҷмӯъ то ба имрӯз дар қаламрави ватани азизамон Тоҷикистон зиёда аз 3500 минералҳо маълум карда шудаанд, ки анқариб ҳамаи намуди минералҳо, сангҳои қимматбаҳо дар Осорхонаи мазкур ҷой дода шудаанд.
М. Сайидзода