ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Ситорахон маросими муаррифии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ нахуст ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, аз хидматҳои неки собиқ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ёдовар шуда, сипосгузории ҳайати профессорию омӯзгории донишкадаро ба ӯ расонид.
Сипас, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабирро дар бораи таъин намудани муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон қироат намуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада Раҳимова Шаҳнозаро ба ин муносибат табрику таҳният гуфтанд.
Ҳамчунин, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада дотсент Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба профессор Умарҷонов Абдусафо тибқи анъана ҷома пӯшонида, гул тақдим намуданд.
Дар интиҳо профессор Умарҷонов Абдусафо суханронӣ намуда, аз лаҳзаҳои хуби корӣ ёдовар шуд. Ҳамчунин, ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ҷиҳати ҳамкории босамар изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Раҳимова Шаҳноза ҷиҳати пешбурди фаъолияти пурсамар барору муваффақият таманно намуд.