Имрӯз дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва аъзоёни кафедра ширкат варзиданд.
Ба ҳайси меҳмон дар семинари имрӯза мутахассиси шуъбаи илм, инноватсия Қодирова М ва кормандони шуъбаи иттилоот ширкат варзиданд.
Дар семинари имрӯза тибқи анъана гузориши профессор, доктори илми таърих Давлатов М. дар мавзӯи “Масъалаи таърихнигории таърихи Ватан” шунида шуд. Сипас атрофи ҳамин мавзӯъ мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дотсент Мирзоахмедов М., Изаттуллоев Р., Абдуллоев И., Азизбекова З. Ва дигарон суханронӣ намуданд.
Профессор Давлатов М қайд намуданд, ки имрӯз фурсат расидааст, ки дар таърихнигории муосир, ки давлати мо мустақил аст, таҷдиди кор сурат бигирад ва сарчашмаҳо бар асоси дастнависҳо оварда шаванд.
Дар интиҳои семинар мубоҳиса ва пешниҳодҳо аз ҷониби ширкаткунандагон ироа гардид, қарор аст дар баҳсҳои баъдӣ низ ин мавзӯъ пайгирӣ шавад.
Ҷиҳати баланд бардоштани хештаншиносӣ ва худогоҳии ҳайати профессорию омӯзгории донишкада, роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то дар пайрави ба иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба ҳамагон тақдим намоянд.