Таърих

Бино
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
 
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти № 1737 аз 24 апрели соли 2006 таъсис дода шуда буд ва мавқеи ҷойгиршавии он дар заминаи
моддӣ- техникии собиқ Коллеҷи кӯҳию металлургии ш.Чкалов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 03.05.06. таҳти № 210 муайян карда шудааст.
Донишкада фаъолияти худро тибқи Ойинномае, ки ба тариқи расмӣ аз қайди давлатӣ гузаронида
шудааст, тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии батанзимдарорандаи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, махсусан,
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Консепсияи миллии
маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
«Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва
дигар санадҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст.