ГУЗОРИШ АЗ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СИТОДИ БАЙНИИДОРАВӢ
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳ, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои қатъӣ дода буданд.
Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният ба кор шурӯъ намуда, то 16 октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ – Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 72 адад автомати Калашников, 3 пулемёт, 2 гранатамёт, 1 маҷмӯи зенитӣ, 37 таппонча, 11 карабин, 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводи тарканда, мусодира шуд.
Бо вуҷуди мусодира гардидани ин миқдор силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ то ҳанӯз дар дасти саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ашхоси алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз ин лиҳоз, ситоди байниидоравӣ қотеона талаб менамояд, ки тамоми силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ супурда шавад. Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупурдани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбат ба онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад.
Дар ҳамин давраи бисёр ҳассос ва тақдирсоз, ки сокинони шарафманди вилоят роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро пайгирӣ менамоянд, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон намуданд, ки хушбахтона, пешгирӣ шуд. 2 октябри соли 2018 дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аъмоли ҷиноятии аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад доштанд, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳияи Шуғнон интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ гардид.
Дар натиҷаи амалиёт ва задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи наздисарҳадии Барчиди Ҷамоати деҳоти Поршнёви ноҳияи Шуғнон қочоқбарон бо истифода аз торикии шаб аз ҷои ҳодиса фирор намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 адад силоҳи оташфишони автомати Калашников ва 25 кг воситаҳои нашъаовар, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи «героин», 13 кг маводи навъи «ҳашиш» ва 2 кг навъи «афюн» дарёфт ва мусодира гардид. Нисбат ба далели мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо моддаҳои 195, қисми 2, 200 қисми 4, 289 қисми 3, 335 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткори дар кофтуков қарордошта, 14 нафари онҳо, аз ҷумла Акимбеков Акимбек Азизмамадович, Бозоров Комрон Ватаншоевич, Мирзоев Фирӯз Маҳмудхонович, Шейхов Пулод Тиллоевич, Каримбеков Рустамбек Давлатбекович, Некқадамов Шертан Саидқадамович, Болиев Шоҳғариб Додхудоевич, Худоназаров Некрӯз Ғуломалиевич, Ҳамиди Ташриф, Раҳматов Фирӯз Муҳаббатович ва Давлатқадамов Музаффар Имомназарович ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд.
Ба ҷинояткороне, ки то ҳанӯз дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, ба мақомот ҳозир нашудаанд, бори дигар таъкид мегардад, ки аз ҳолатҳои сабуккунандаи пешбинигардидаи қонун истифода карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд.
Самти дигари фаъолияти ситоди байниидоравӣ ба таври қотеона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани қоидавайронкуниҳо мебошад. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои пурзӯри амниятӣ 3053 далели қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор шудааст. Аз ҷумла, 32 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 53 воситаи нақлиёти бе рақами қайди давлатӣ ва рақами бегона, 18 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 ҳолати бо суръати баланд, 31 ҳолати итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия, 13 ҳолати мастӣ ва 2387 дигар намуди қоидавайронкунӣ ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид. Аз 469 нафар вайронкунандаи қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима ба маблағи 136663 сомонӣ ситонда шуд.
Боиси зикр аст, ки аксарияти соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ аз ҳаракатҳои ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ бароварда, 210 автомашинаи сиёҳшишаро ихтиёран тоза намуданд. Дар баробари ин, то ҳанӯз ҳастанд соҳибони воситаҳои нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, бе рақами қайди давлатӣ, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба саломатӣ ва ҳаёти сокинони осоиштаи шаҳри Хоруғ хатар эҷод мекунанд.
Рӯзҳои 2 ва 6 октябри соли равон сокинони шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибназар Султонназарович бинобар идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан, нишон додани муқобилият ва гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ (2 корд ва 1 адад норинҷак), Додихудоев Муслим Ризвоншоевич, Музаффаров Соҳибмамлюк Имомназарович бо ҷурми идораи воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан ва нишон додани муқобилият ба кормандони милитсия боздошт ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 195 қисми 1 ва 328 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Ба ҳамин монанд, 15 октябри соли ҷорӣ дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар мавзеи Бидурди Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон автомашинаи тамғаи «ВАЗ 2110», рақами қайди транзитии давлатиаш «М 00 – 10 ТҶ 07» таҳти идораи шаҳрванд Бодуров Навоӣ Шолиевич, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Панфилов, хонаи №15, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дар постгоҳи зикршуда ба талаби қонунии корманди милитсия итоат накарда, мехост аз ҷойи ҳодиса фирор намояд. Ҳангоми кӯшиши пешгирии фирори воситаи нақлиёт Бодуров Навоӣ Шолиевич автомашинаи таҳти идораашро ба муқобили корманди милитсия равона карда, нозири роҳро мезанад ва ба масофаи 300 метр кашола карда мебарад.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор ронандаи автомашинаи мазкур ва ҳаммаслакони ӯ – Давлатҷонов Амид Миликшоевич, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, хонаи № 58, пештар бо моддаи 201 қисми 1 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Мазоров Мақсад Атоназарович, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи «50 – солагии Хоруғ», пештар бо моддаи 244 қисми 2 (дуздӣ) – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Давлатов Фахриддин Қамарович, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Носири Хусрав, хонаи №23 ва Айёмбеков Абдураҳмон Оқилович, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Аёмбеков, хонаи №4, барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия боздошт гардиданд. Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки шахсони боздоштшуда дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд.
Ситод таъкид мекунад, ки дидбонгоҳҳои кормандони БДА ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ то замони ба фаъолияти зиддиқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ хотима гузоштан, боварӣ ҳосил кардан ба таъмини пурраи амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳ, дастгир шудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда, тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият хоҳанд кард. Ҳамчунин, барои аз байни бурдани тамоми қонуншиканиҳо зимни идораи воситаи нақлиёт, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда фаъолияти дидбонгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ васеъ карда мешавад. Дахолат намудан ва монеа эҷод кардан ба фаъолияти қонунии ин дидбонгоҳҳо тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ посухи сазовор дорад.
Ҳамчунин, бо мақсади шаффофияти фаъолияти дидбонгоҳҳои кормандони БДА, нишон додани симои аслии шахсоне, ки талаботи қонунгузориро риоя намекунанд, дар ҳамаи дидбонгоҳҳо таҷҳизоти сабти навор (видеорегистратор) насб мешавад. Наворҳо оид ба риоя нашудани талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ВАО ба сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.
Тибқи маълумоти санҷидашудаи ситод, саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо ва манзилҳои истиқоматии худ бо ҷалби ҷавонони гумроҳи шаҳри Хоруғ ва навоҳии атроф вохӯриҳо “сходка” – ҳо мегузаронанд. Бештари вақт ҷамъомадҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар тарабхонаҳои “Шуғнон”, “Шоми Бадахшон”, “Атлант”, “Марко поло”, ошхонаҳои “Мурғоб”, “Орзу”, меҳмонхонаи “Тишор” мегузаранд.
Вобаста ба ин, ситоди байниидоравӣ бо қотеият изҳор медорад, ки минбаъд дар маҳаллаҳо, тарабхона, ошхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар ҷой ҷамъ кардани ҷавонон, гузарондани чорабинӣ бо номи “сходка” – ҳо аз тарафи саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ мегардад.
Ҳамзамон, иншооте, ки дар он ҷо чунин “сходка” – ҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гузаронда мешавад, тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ шуда, дар бораи қатъи фаъолият ва тағйир додани таъйиноти истифодаи чунин иншоот, то мусодира кардани он чораҳои қатъӣ дида мешавад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар аст. Маҳз тавассути ин амал мо метавонем садоқати худро ба Ватан, миллат ва халқи худ тасдиқ намоем. Мутаассифона, ҷавонон зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятӣ монда, аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ даст мекашанд.
Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи муқарраршударо дар шаҳри Хоруғ 100 дарсад иҷро намуд. Ҳамчунин, нақшаи даъват дар ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Мурғоб иҷро гардид.
Ситоди байниидоравии
мақомоти таъмини амният дар ВМКБ