Боздиди аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон аз китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имрӯз ба амал омад.
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобдӯстии ҷавонон ва арҷ гузоштан ба таърихи миллати тоҷик санаи 2 ноябри соли 2023 як гурӯҳ ҷавонони фаъол, волонтёрон, гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и назди бахш аз китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуданд.
Сараввал ҷавонони фаъол, волонтёрон, гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” ба китобхона ворид гардиданд, ки масъулини ин муассиса онҳоро хуш пазируфта бо фаъолияти корӣ ва махзанҳои китобхона шинос намуданд.
Ҷавонон, волонтёрон, гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” аз ташкили чунин иқдом изҳори миннатдорӣ баён намуда ба худ як ҷаҳон маънавиёт бардошт карданд.