Ташрифи муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Солеҳзода У. ба донишкада

Дирӯз, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Умед, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт, ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф овард.

Меҳмонро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ва раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад истиқбол намуданд ва меҳмон аз хобгоҳи донишҷӯён, бинои асосии донишкада, марказии тестию бақайдгирӣ ва бинои академияи байналмилалии CDIO дидан намуд.

Муовини аввали ректор профессор Насриддинов З. ба меҳмон аз имкониятҳои донишкада ва роҳҳои коркарди маҳсулот дар Парки технологӣ  гуфтанд ва аз имкониятҳои озмоишгоҳҳо ёдовар шуданд.

Дар интиҳо муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Умед барои анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Шуъбаи иттилоот