Ташрифи намояндаи вазорат Рӯзизода Акрам ва тағйироти кадрӣ дар донишкада

Имрӯз ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзизода Акрам ташриф оварданд ва фармони вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабирро дар бораи тағйироти кадрӣ дар донишкада қироат намуданд.
Тибқи тағйироти имрӯза дар донишкада Насриддинов Замониддин муовини ректор оид ба таълим, Умарҷонов Абдусафо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ, Ҷабборзода Абӯмуҳаммад муовини ректор оид ба корҳои молия ва хоҷагидорӣ интихоб гардиданд.
Қозиев Камолуддин аз вазифаи муовини ректор оид ба таълим бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шуданд.
Ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Қозиев Камолуддин барои хизматҳои шоёнашон изҳори сипосмандӣ намуда, миннатдории ҳайати профессориб омӯзгории донишкадаро ба эшон баён доштанд.
Дар интиҳо Қозиев К. С. суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳар қадар тавону имкон доштам барои тарбияи кадрҳои ҷавон ва ба беҳтар гардидани шароити донишкада сарф намудам ва умедворам, ки дар минбаъда низ кадрҳои интихобгардида содиқона барои пешрафти кишвари азизамон хизмат менамоянд..
Ёдовар мешавем, ки дар интиҳои ин вохӯрӣ, ки дар толори калони донишкада баргузор гардид, намояндаи вазорат Рӯзизода А. бо ҳамроҳии ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Қозиев К.С. тибқи таомули шарқӣ ҷомаву тоқӣ ҳадя намуданд, ки ин ҳолатро омӯзгорон ва ҳозирин дар толор аз ҷой бархеста бо кафкӯбии бардавом истиқбол намуданд.


М. Сайидзода