Дар партави сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад ва як қатор корҳои тармиму таҷдид аллакай ба итмом расид. Ва ҳамин аст, ки ҳамарӯза ба донишкада меҳмонон меоянд.
Имрӯз низ, ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон меҳмонон аз Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмононро хуш пазируфта, ба онҳо аз имкониятҳои донишкада ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ иттилоъ доданд. Сипас, ба меҳмонон аудиторияҳо, маҷлисгоҳҳои бузург, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо аёниятҳоро нишон доданд.
Ҳамчунин, бо меҳмонон аз толорҳои хурди варзишӣ ва майдони бузурги волейбол дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, бо омадани профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар Донишкада кӯҳию металлургии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома ёфта, ҳоло як қатор иншоотҳо пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд.
Шуъбаи иттилоот