Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амният, дар тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бўҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рў, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.
Мутасифона тоҳол аъзоёну тарафдорони ташкилоти терористи ва экстремистии фаъолияташон қатъ кардашудаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии манфиатҳои сиёсӣ ва бо супориши роҳбаладони хориҷиашон аз чорабиниҳои созмонҳои байналмилалии ғарбии ба ном ҳомии демократия ва озодии баён истифода намуда, дар заминаи ақидаю ғаразҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба муқобили Ватану миллат ва халқи худ баромад менамоянд
Баъди пош хурдани иттиҳоди шӯравӣ доираҳои мазҳабӣ ва сиёсии баъзе кишварҳои минтақа барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон дар Тоҷикистон фаъолияти васеи мақсаднокро ба роҳ монда, ҳизбу гуруҳҳое (хусусан ТТЭ ҲНИ)-ро созмон доданд, ки амалҳояшон бар зарари манфиатҳои миллати тоҷик равона гардида буданд.
Маҳз аз тарафи чунин неруҳои хориҷии манфиатдор, аз ҷумла доираҳои сиёсию мазҳабии давлатҳои шарқ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ТТЭ ҲНИ дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон барангехт ва давлати навбунёди моро дар зери хатари ҷидди қарор дод. Даргириҳои сиёсии солҳои 1991-1992 имкон надоданд, ки дар Тоҷикистон сари вақт сохторҳои давлатдорӣ таъсис ёфта, истиқлолияти миллӣ мустаҳкам карда шавад. Дар натиҷаи амалҳои террористии наҳзатиён ҳазорон одамон кушта ва бехонумон гардида, хоҷагии халқи кишварамон қариб ба пуррагӣ нобуд шуд.
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ба он наздик бо мақсади ба даст овардани қудрати сиёсӣ, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва ташкили давлати мазҳабии дар байни мардум тафриқа андохта онҳоро ба кофару мусулмон ҷудо карданд. Фаъолони наҳзатӣ бо пуштибонии давлатҳои шарқ барои паҳн кардани идеологияи мазҳабии ифротӣ ва барои мардуми мо бегона кўшиш намуда, беҳтарин фарзандони миллатро, ки олимону сиёсатмадорон ва шахсиятҳои фарҳангии шинохта буданд, ба қатл расониданд. Соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар фалаҷ карда шуданд.
Умуман, дар натиҷаи фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои бадхоҳ, ки аз берун дастгирӣ меёфтанд, ҷанги дохилӣ сар зада, Тоҷикистон солҳои навадум ба ҷойи сохтану таҳким бахшидани давлати миллӣ ба ҳалли мушкилиҳои азиме ба монанди истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо, пешгирии хатари парокандагии кишвару миллат, таъмини аҳолӣ бо хўрока дучор шуд.
ТТЭ ҲНИ ва дигар рўҳониёни мутаасиб аз бовару эътиқоди мардум суиистифода карда, мехостанд бо зурӣ ҳокимиятро ғасб намоянд ва манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро татбиқ кунанд. Мардуми ноогоҳ ва ҳатто баъзе шахсиятҳои фарҳангию илмӣ ва сиёсатмадорон фирефтаи найранги муллоҳои наҳзатӣ гардида, ба доми онҳо афтиданд ва даст ба амалҳои сиёсию ҷамъиятии нодурусту барои миллат зарарнок заданд. Онҳо мутаасифона сари вақт дарк накарданд, ки ТТЭ ҲНИ дасти неруи хориҷии манфиатхоҳ аст ва на барои сохтан, балки барои сухтан созмон дода шудааст.
Яке аз масъалаҳои асосии мо ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон ба шумор меравад. Мубтало шудани наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ, тамокукашӣ, носкашӣ на фақат ба саломатии худи онҳо, балки ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад. Ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва хариду фурўши одамон, ки сол аз сол дар ҷаҳон бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Барои дастгирӣ намудан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ хидоят кардани ҷавононе, ки ба чунин мушкилот гирифтор шудаанд, лозим аст, ки мақомотҳои дахлдор ва пеш аз ҳама, омўзгорон, падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, густариши донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, дарку омўзиши арзишҳои муқадаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондўстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин масъалаи асосии замони муосир мебошад.
Тоҳиров А.С.- муаллими калони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ.