Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои равияҳои корҳои кӯҳӣ, металлургия, электромеханика ва иқтисодиёти саноатӣ мутахассис тайёр менамояд.
Бо мақсади густариш бахшидани ҳамкории донишкада бо корхонаҳои саноатии соҳавӣ, зичтар намудани алоқаи раванди таълим бо истеҳсолот, ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимиву истеҳсолӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудан, омӯзиши техника ва технологияҳои пешқадами корхонаҳои саноатӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони салоҳиятноки ба талаботҳои кордиҳанда ҷавобгӯ, донишкада бо зиёда аз 65 корхонаву муассисаҳои соҳаи саноати кӯҳкорӣ, металлургия ва электромеханика шартномаҳои ҳамкорӣ ба тавсиб расонидааст.
Соли ҷорӣ аз руйи маълумотҳои оморӣ шуъбаи рӯзонаи донишкадаро 97 нафар тариқӣ буҷетӣ ва 175 нафар тариқи шартномавӣ хатм менамоянд.
Аз рӯйи нақшаи корӣ санаи 05.05.2023 с. дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тақсимоти фардии хатмкунандагон ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони соли хониши 2022-2023 ва боз ҳам тавқият додани ҳамкориҳои донишкада бо корхонаҳои саноатии соҳавӣ баргузор гардид.
Машваратро муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал номзади илмҳои геологӣ-минералогӣ, профессор Насриддинов Замониддин Зайниддинович бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ қайд намуд, ки машварати имрӯза барои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ва густариш додани ҳамкориҳои судманди донишкада бо корхонаҳои саноатии соҳавӣ нақши муҳим мебозад. Инчунин, қайд намуданд, ки вобаста ба таъкидҳои Сарвари давлатамон ва ҳадафи саоаткунонии кишвар тайёр намудани мутахассисони болаёқат яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб ёфта, дар таъмин намудани корхонаҳои саноати кӯҳӣ-металлургӣ бо мутахассисони соҳавӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Дар баромади худ Насриддинов З.З. қайд намуданд, ки чорабинии имрӯза барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои донишкада бо корхонаҳои соҳавӣ саноатӣ, ба ҳам пайвастани илму истеҳсолот заминаҳои мусоидро фароҳам меоварад. Аз фурсат истифода бурда, баромадкунанда ба намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати дастгириву ҳамкориҳояшон миннатдорӣ баён намуд.
Сипас намояндаҳои хатмкунадагони факултетҳои донишкада, Мадаюбова Озода – хатмкунандаи ихтисоси «Ҳифзи муҳандисии муҳити зист» ва Валиев Мирзодалер – хатмкунандаи ихтисоси «Корҳои кушоди кӯҳӣ» баромад намуда, ба раёсат ва омӯзгорони донишкада, ба роҳбарияту намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва меҳмонони даъватшуда барои соҳибмаълумот шудан ва дастгирию ғамхориҳояшон миннадории самимӣ баён намуданд.
Баъд аз анҷом расидани маросими расмии ҷаласа, муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Насриддинов З.З., ҳозиринро бо рафти омодагии раёсати донишкада ба тақсимоти асосӣ шинос намуда, қайд намуд, ки тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, дар асоси «Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» (минбаъд Тартиб), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 ва «Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» (бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.07.2020с, №18578 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.08.2020 с., № 1033 ба қайд гирифта шудааст ) ба роҳ монда шудааст. Тибқи талаботи Тартиб раёсати донишкада аз моҳи феврали соли 2023 сар карда ба зиёда аз 20 корхонаҳои калони саноатии кишвар мактубҳо, бо замима намудани маълумот оид ба теъдоди хатмкунандагон мувофиқи ихтисосҳои донишкада, ҷиҳати пешниҳод намудани ҷойҳои холии корӣ ирсол намуданд.
То ин давра ба Комиссияи тақсимоти хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ мактубҳои дархостӣ оиди ҷойҳои холии корӣ ворид гардида истодааст, аз ҷумла аз корхонаҳои: КДФ “Суғдзаминсоз” бо пешниҳоди 31 ҷойи корӣ, ҶДММ КМ «Зарафшон» – 39 ҷойи корӣ, ҶДММ “ТВЕА Душанбе Саноати Кӯҳӣ” – 346 ҷойи корӣ, ҶМТКММ «Апрелевка» – 28 ҷойи корӣ, КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» дар умум 58 ҷойи корӣ (37 ҷой барои ихтисосҳои мавҷудаи донишкада ва 21 ҷойи корӣ барои дигар ихтисосҳои гуногун), ҶСП «Талко Голд» – 64 ҷойи корӣ, ҶДММ «Суғд Пак» (шумора нишон дода нашудааст). (Маълумоти пурра оиди ихтисосҳо дар замимаи 2 оварда шудааст) Инчунин МДТ Литсейи касбии техникии нефт ва гази ш. Исфара ҷиҳати ба кор қабул намудани хатмкунандагони донишкада аз рӯи ихтисосҳои коркарди конҳои нафту газ ва таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ ба унвони донишкада мактуб ирсол намудааст.
То имрӯз аз ҷониби 4 нафар хатмкунандагон (3 нафар ихтисоси 360101, 1 нафар ихтисоси 510101) дархостҳои корхонаҳо оид ба таъмин бо ҷойи кор ворид гардидааст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар соли хониши 2022-2023 донишкадаро 5 нафар хатмкунандагон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм менамоянд. Дар асоси Тартиби тақсимот, аз тарафи донишкада ба МИҲД- и шаҳру ноҳияҳое, ки донишҷӯёнро тариқи Квота фиристонида буданд мактубҳо оиди бо ҷойи кор таъмин намуданашон ирсол карда шуд ва ба ин хатмкунандагон ба МИҲД-и ҳамин шаҳру ноҳияҳо роҳхат дода мешавад.
Қайд карда шуд, ки баҳри бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон-мутахассисон дар давоми соли хониш мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида шуд. Яке аз ин тадбирҳо ин ташкили вохӯриҳо бо корхонаҳои соҳавӣ мебошад.
Дар соли ҷорӣ бо корхонаҳои ҶММТАКМ “Анзоб”, КФ ЗЗК “Зари Суғд”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ” шартномаҳои нави ҳамкорӣ баста шуданд.
Инчунин санаи 10.10.2022 сол вохӯрӣ бо намояндагони КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ намояндагони корхона бо хатмкунандагони донишкада оид ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони донишкада суҳбат намуданд. Санаи 22.11.2022 сол ва 10.04.2023 сол бо намояндагони ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” вохурии хатмкунандагони донишкада баргузор гардид. Дар ин вохурӣ мутахассисони корхона иштирок намуда, хатмкунандаҳоро бо шароити корӣ ва раванди истеҳсолии корхона шинос намуда, омодагии худро оиди бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисон изҳор намудан.
Санаи 30.11.2022 сол бо намояндаи ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” вохӯрӣ гузаронида шуд, ки зимни вохӯрии мазкур масъалаҳои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон, инчунин ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо баррасӣ карда шуд.
Санаи 14.12.2023 сол бо роҳбарияти Экспедитсияи геологии ашёи радиоактивӣ вохӯрӣ ташкил карда шуда, масъалаҳои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон, инчунин ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо баррасӣ карда шуд.
Санаи 27.03.2023 сол бо роҳбарияти ҶДММ “Спитамен” ба донишкада ташриф оварданд. Зимни мулоқот бо меҳмонон масъалаҳои таҷрибаомӯзӣ ва таъмини хатмкунандагони донишкада бо ҷойи кор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Санаи 12.04.2023 сол намояндагони ҶММТККМ “Апрелевка” вохӯрӣ ташкил карда шуд. Намояндагони корхона иброз доштанд, ки корхона ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони донишкада омода мебошад ва тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст.
Дар асоси тақсимоти пешакии факултетҳо, мактубҳои дархостии хатмкунандагон, ҷойҳои холии кории пешниҳод намудаи корхонаҳои саноатӣ-соҳавӣ муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Насриддинов З.З. хатмкунандагонро бо ҷойҳои кории тақсимшудаашон боз як бори дигар шинос намуда, ба онҳо барои дар оянда, барои фаъолият намудан дар корхонаҳои соҳавӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷаласаи баргузоршуда барои боз ҳам тавқият ёфтани ҳамкориҳои донишкада бо корхонаҳои соҳавии саноатӣ, бо ҳам пайвастани илму истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот ва рушди соҳаи саноати куҳӣ-металлургӣ, самарабахш ба роҳ мондани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, заминаҳои мусоидро фароҳам меоварад.