ТАФСИРИ ТАРБИЯ : ҲАДАФИ МО ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Дирӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои якҷояи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар толори  донишкада  мулоқоти судманд бо ҷалби кормандон, устодон ва донишҷӯёни факултетҳои донишкада доир ба мавзӯи «Роҳҳои пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва дигар ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо» баргузор карда шуд.

Ректори донишкада дотсент Мухтор Фозилзода ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ иброз дошт, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатҳои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошт.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон подполковники милитса Зубайрзода Ҷамшед Абдулло  дар суханронии худ оид ба амалҳои хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ ва фаъолияти пасипардагии онҳо ёдоварӣ намуданд. Ибрози ақида карда шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ имрӯз берун аз марзи Тоҷикистон бо ҳар гуна роҳу воситаҳо дар ҳамкорӣ ва дастгирии душманони миллати тоҷик тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри ноором намудани фазои орому осудаи Тоҷикистон равона намуда истодааст.

Бинобар ин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат банданд.

Инчунин аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои характери эктремистӣ ва террористӣ дошта ёдоварӣ намуда, ҷавононро оид ба дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ (интернет) хушдор сохтанд. Зеро сабаби бештари афзоиши гумроҳшавии аксари ҷавонон тавассути шабаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.

Дар ҷамъбаст, омӯзгорон ва донишҷӯён ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Тибқи нақша баргузории чунин вохӯриҳо бо ҷалби донишҷӯён, фаъолон ва омӯзгорони факултету кафедраҳои донишгкада  идома дорад.

 

Шуъбаи иттилоот