ТАТБИҚИ МАТРИСАҲО ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ВА ҲАЁТ

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд, ки дар он аслан масоили мартуб ба илми математика ва татбиқи формулаҳои технологӣ дар истеҳсолот сухан мерафт. Дар семинари мазкур омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.

          Қайд кардан ба маврид аст, ки дар семинари имрӯза устоди кафедраи фанҳои умумӣ-техникӣ  Сидиқов Н. роҷеъ ба мавзӯи “Истифодабарии модулҳои математики дар ҳалли масъалаҳои математикӣ” ва сармуаллими кафедраи математикаи олӣ ва информатика  Исмоилова М. бошад дар мавзӯи “Татбиқи матрисаҳо дар  истеҳсолот ва ҳаёт” баромад намуданд.

          Ҳамзамон гуфтан ба маврид аст, ки ин семинари илмӣ-назариявӣ бо ташаббуси мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Ҷӯраева Х.Ю. гузаронида шуд ва ин гуна семинарҳо дар донишкада ҳамасола гузаронида мешаванд.

          Ёдрас мешавем, ки дар семинарҳо баъзан мутахассисон аз корхонаҳои саноатӣ ва дигар коргоҳҳои мартуба ширкат меварзанд ва миёни омӯзгорону меҳмонон табодули андеша сурат мегирад, ки ин бар нафъи соҳа мебошад.