Мувофиқи супориши раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гурӯҳи кории ташвиқотчиён ташкил карда шуд.
Аз рӯи тақсимот ҳайати омӯзгорони кафедраи таъминоти барқ Одирматова У.Б., Шамсиев Р.М., Қодиров А.Қ., Бобоев Ш.А. бо мактабҳои ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров санаи 19-21 январи соли 2022 ба мактабҳои дар зер номбар шуда, барои ташвиқот сафарбар шуда, бо хатмкунандагон машварату мулоқотҳо гузарониданд.
Бо МТМУ №61 – 63 хатмкунандагон;
МТМУ №50 – 70 хатмкунандагон;
МТМУ №15 – 156 хатмкунандагон;
МТМУ №14 – 140 хатмкунандагон;
МТМУ №27 – 63 хатмкунандагон;
МТМУ №28 – 70 хатмкунандагон;
МТМУ №29 – 85 хатмкунандагон;
Гимназияи №2 – 47 хатмкунандагон;
Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ байни хатмкунандагони ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров барои дохил шудан ба ДКМТ вохӯрӣ гузаронида, дар вохӯрӣ бо хатмкунандагони мактаб дар бораи донишкада, оиди факултетҳои амалкунанда ва ихтисосҳои он дар соли таҳсили 2022-2023 ба нақша гирифта шуда, кадрҳои илмӣ, базаи моддӣ-техникӣ, инчунин аҳамияти ихтисосҳои донишкада барои пешрафти зиндаги ва талаботи ҳозиразамон ва ғайра маълумотҳои пурра дода шуд. Дар вақти вохӯрӣ бо хатмкунандагони мактабҳо ба саволҳои додашудаи онҳо ҷавоби пурра дода шуда, барои интихоб намудани ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Ҳамин тавр, санаи 19-21 январи соли 2022 бо хатмкунандагони 8 – мактаб корҳои ташвиқотӣ гузаронида шуд.