Дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Ғалаба” –и ҷамоати деҳоти Зарзамин идомаи корҳои тарғиботӣ дар самти шарҳу эзоҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии ректори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон н.и.и.,дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Олимҷон доир гардид.
Зимни мулоқот аъзоёни гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи вилоятӣ доир ба самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ва нуқтаҳои муҳимтарини он маълумотҳои муфид доданд.