Ҳамон гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, чанд рӯз қабл ба ном “журналисте” аслан журналистак ҳам бигӯем хато намекунем аз ҷониби мақомот бозҷӯйӣ шудааст, ки ин ҳодисаро расонаҳои мухолиф ва аз ҷумла расонаҳои марбут ба наҳзатиёни палид гуногун арзёбӣ мекунанд ва гоҳо аз Далер Шарифови ифротгаро ҳамчун журналист ёд мекунанд, ки бар хилофи меъёрҳои ахлоқӣ мебошад.
Зеро дар давраи аввал мо бояд ҳаминро ба инобат гирем, ки Далер Шарифови ифротгаро аз пешааш сӯистифода намудааст ва баъдан қонунро риоя накардааст, ки дар ҷойгоҳи алоҳи аллакай ҷавобгарӣ мебошад.
Лек Далери ифротгаро ва намояндаи наҳзатиёни палид фаротар аз фаъолияти касбияш қадам ниҳода, ба тарғиби тғояҳои бегона ва ифротгароӣ пардохтааст, ки ин ҳам аллакай ҷиноят аст.
Дар баёният Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба ҳолатҳои ғайриқонунии Далер Шарифови террористпарвар чунин нигошта шудааст: моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд”.
Вақте мо ин ҳолатро дар фаъолияти як журналист бубинем чӣ тавр ҳуқуқи маънавии ӯро журналист гуфтан дорем???
Аслан ин ҳуқуқвайронкуниро чаро мо бояд, пинҳон кунем???
Вақте як нафар худашро журналист мегираду ҳамаи қонунҳоро поймол мекунад, пас мо чӣ аз инсони оддӣ чиро бояд интизор шавем???
Ҳол он ки ин агар воқеан ҳам журналист мебуд ва қонунҳои амалкунандаро эътироф мекард, ҳаргиз даст ба хиёнате намезад ва он ҳам хиёнате ба ин ҳад…
Ҳамин ҳолат худ аз манфурият ва манқуртизми ин нафар шаҳодат медиҳад ва ба дигарон ҳам панд мешавад, ки чӣ тавр як дастпарвари наҳзатиён ҳаргиз тағйир намеёбад ва ҳамон гунае, ки буд боқӣ мемонад.
Пас онҳое, ки ӯро бегуноҳ меҳисобед, як маротиба ба рафтори ҳамин Далер Шарифови ифротгаро бо чашми хирад бингаред ва он рисолати журналистикаро ҳам ба хотир оваред, ки оё вазифаи аслии журналист гумроҳ кардани мардум аст ???
Инро ҳам бояд он нафарони малъун бидонанд, ки тарғиби ғояҳои бегона ва экстремистӣ журналистика нест ва ифротгароӣ ҳам озодии баён нест!
Давлатов Д
омӯзгори ДКМТ