Терроризм ва экстремизм дар кадом шакле, зуҳур намоянд, яке аз хатсайрҳои ҷиддии замони муосир, ояндаи инсоният мебошад. Дар шароити имрӯза терроризм хатари воқеиест, ки ба амнияту бехатарии кишварҳо таҳдид менамояд. Амали мудҳиши терористие, ки ба қарибӣ дар Афғонистон Кобул анҷом дода шуд, исбот намуд, ки шабохун задан ба хотири даҳшат афкандан аст.
Хушбахтона, имруз кулли кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои мустақил як созмони табаҳкор будани ҲНИ-ро эътироф мекунанд, ки ин натиҷаи ҷаҳду талошҳое Сарвари давлат, ҳукумат ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон мебошад. Аммо вазъи печидаи ҷаҳони муосир, сиёсати ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат, бархурди тамаддунҳо ва доман паҳн намудани терроризм аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ифтихори ватандориро тақозо менамояд. Имрӯз ҳар як фарди ватандӯстро зарур аст,ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, №776 Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстромизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ба роҳбари гирифта, дар таъмини амнияти ватан саҳмгузор бошад. Зеро яке аз талаботҳои қонуни мазкур ин ташаккули вазъи тоқатнопазирии аҳолии ҷумҳури хусусан ҷавонон нисбат ба терроризм ва экстромизм мебошад. Дар рӯҳияи тоқатнопазири ва нафрату адоват нисбат ба терроризм тарбия намудани ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеъа, оила ва муассисаҳои талими маъсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстромизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 моро водор месозад,ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳи ва чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро пурзӯр намуда ҷавонону мутахассисони ватандуст ва худогоҳро ба камол расонанд. Зеро душманони миллат, ташкилоту гуруҳҳои экстромисти бо ҳар роҳ мехоҳанд маҳс ҷавононро ҳамчун қишри осебпазири ҷомеъа ба доми худ кашанд. Аз ин хотир мо бояд дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазири, андешаи солим, маърифати ҳуқуқи ва зиракии сиёсиро ташаккул диҳем. Аз ин лиҳоз, инҷо чанд андешаи худро оид ба сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроди ва роҳҳои пешгирии онро баён менамоем.
Тавре,ки маълум аст ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ дар амали созии ниятҳои ғаразноки худ бештар ба ҷавонон такя мекунанд. Тибқи нишондоди таҳлилгарон дар даргириҳои Сурия аз кишварҳои Осиёи Маркази аз он ҷумла Тоҷикистон бештар ҷавонон ҷалб карда шуданд ва маҳз ҳамин ҷавонони роҳгумкарда дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуда ба ин гурӯҳҳои ифроти пайвастанд. Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон ба гуфти таҳлилгарон пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ин гурӯҳҳо мешаванд. Чуноне,ки аз хабарҳои расонаҳо бар меоянд, ин гурӯҳҳои экстромистӣ ба ҷавонон маблағҳои калон ва ҳатто ҷойҳои хуби корро ваъда мекунанд. Сабаби дигари ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон дуруст дарк накардани моҳият ва мазмуни дини мубини Ислом мебошад. Қисмати зиёди ҷавонон намедонанд,ки ҷанги мусулмон бо мусулмон, ба шаҳодат расидани мусулмон аз дасти мусулмон ҳеҷ гоҳ маънои ҷиҳот ва «шаҳид» шуданро надорад.
Омили дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфи мерасонад ин наворҳои таблиғотиест,ки тавассути расонаҳои гуногун ва шабакаи интернет паҳн карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.
Ба иқдоми Пешвои миллатамон эълон гардидани Соли ҷавонон, ба корҳои идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷалб намудани ҷавонон , дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо авали додан ва ғамхорӣ намудан ба мутахассисони ҷавон, таъмин намудани иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои варзишии сатҳи чумҳуриявию байналхалқӣ, олимпиядаҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ ва ғайрааз зумраи тадбирҳое мебошанд, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу экстремистӣ равона карда шудаанд.
Ҳамин тавр, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, раванди тезутундшавии манфиатҳои геополитики давлатҳои абарқудрат, паҳншавии терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари воқеи ба ояндаи инсоният, бархурди фарҳангҳои гуногун тақозо менамоядки ҷавонон ба ҳайси нерӯи пешбарандаи ҷомеа барои ҳивзи дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Фозилзода Мухтор Муродалӣ
Ректори Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон
Садриддинов Аслиддин
устоди донишкада